қадрдон — [قدردان] 1. он ки қимату арзиши чизеро хуб медонад, он ки манзалату эҳтироми одамро медонад, қадршинос 2. қарин, хеле наздик: дӯсти қадрдон // ошнои қадрдон дӯсти қарин, ошнои бисёр наздик; рафиқи хеле наздик … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дон — I [دان] 1. асоси замони ҳозира ва сиғаи амр аз донистан 2. ҷузъи пасини баъзе аз калимаҳои мураккаб ба маънои донанда: ҳисобдон, қоидадон, забондон, сухандон, қадрдон II [دان] 1. шакли кӯтоҳшудаи дона; ҳосили зироати ғалладона ва лӯбиёиҳо, ғалла… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
қадршинос — [قدرشناس] он ки ба қадри кор, некӣ ва фидокории кас мерасад, миннатгузор; ниг. қадрдон 1 … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
тақдир — I [تقدير] а. сарнавишт; қисмат, насиба, қазо, қадар; аз тақдирам ҳар чӣ дар қисматам бошад (мебинам…); бар тақдири… дар мавриди…, дар сурати…; бар тақдири гурехтан ҳам халосӣ набуд; тақдир медонад… вобаста ба қисмату насиба аст; ба дасти тақдир… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
тақдирнома — [تقديرنامه] коғазе, ки аз тарафи идорае дар бораи қадрдонӣ ва таҳсин аз хизмати касе дода мешавад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ҳақгузорӣ — [حق گذاري] 1. қадрдонӣ; шукргузорӣ 2. ниг. ҳақшиносӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ